Чавоб оиди бастани акди никохи шахрвандони ЧТ дар кишвархои хорича

Мувофики моддаи 168 Кодекси Оилаи ЧТ шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди чумхури карор доранд ва оила барпо намуда, онро ба кайди давлати гирифтани бошанд, пас онхо бояд бо аризаи муштарак оиди бастани акди никох ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худуди давлати чои зисташон мурочиат кунанд. Никоххое ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кайди давлати гирифта мешавад, эътибори конуни доранд ва аз тарафи хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.
Мувофики моддаи 168. Кодекси Оилаи ЧТ
«1. Ақди никоҳи дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ақди никоҳ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, агар ин шахсон дар лаҳзаи ақди никоҳ шаҳрвандони давлати хориҷие бошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутақобилан қобили эътибор дониста мешавад.»

Мувофики моддаи 169.хамин кодекс:
1. Никоҳҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва никоҳҳои байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қонунҳои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф шартҳо ва монеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)
2. Никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қoнунҳои он кишваре баста шудаанд, ки дар он ақди никоҳ сурат гирифтааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешаванд.» мукарра карда шудааст.
Моддаи 12. Шартҳои ақди никоҳ
1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)
2. Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.
3.Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
— истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;
— бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)

Моддаи 14. Ҳолатҳое, ки монеаи ақди никоҳ мегарданд
Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:
— байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;
— байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ) (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
— байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай ( ки аз як падар ё модаранд);
— байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;
— байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;
-байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст.

Реклама

Posted on 15/03/2012, in Консультации, Ответы. Bookmark the permalink. Оставьте комментарий.

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: